Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санхати Тоҷикистон 





ГАЗЕТА

Муфассал...



НАВИДҲО


ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ
Бо кормандону  мутахассисони соҳаи  тардурустӣ 

   Бо ибтикори ноиби   ректор  оид  ба  корҳои тарбия  ва  иҷтимоӣ Дилором Сангинова 16 апрели  соли  равон,  тибқи нақша - чорабиниҳо, дар  хобгоҳи  донишҷӯёни Донишкадаи  давлатии  фарҳанг  ва  санъати  Тоҷикистон  ба  номи  Мирзо  Турсунзода  бо кормандону  мутахассисони  Маркази  саломатии  шаҳрӣ   №7  вохӯрии судманд баргузор  гардид.

   Иштирокдорони ин чорабинӣ - Худоибердӣ Қамчинов,  мутахассиси  ташакули   тарзи   ҳаёти   солим,    духтури   оилавӣ,   Савринисо  Баҳромова, табиби   силшинос,  Зайналобуддин Назаров,    духтури донишкада,  Сайро Ғафурова , раиси  бонувони  донишкада   ва Кароматулло  Юсупов, мудири  шуъбаи  кор  бо  ҷавонони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода перомуни тарзи ҳаёти солим, рафтори намунавӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, одоби муошират, сару либоси ягонаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияшуда ва дигар мавзӯҳои муҳими ба саломатии инсон рабтдошта табодули назар намуданд.

   Дилором Сангинова, ноиби   ректор  оид  ба  корҳои тарбия  ва  иҷтимоӣ,  зимни суханронӣ  тазаккур дод, ки донишҷӯён дар баробари фарогирии донишҳои замонавӣ бояд ба саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки ҳамеша солиму бардам бошанд. Барои ин риояи гигиенаи шахсӣ шарт ва зарур мебошад. Зикр гардид, ки ҳадафи стратегии  давлату  Ҳукумати мамлакат  дар  соҳаи  тандурустӣ  бо  роҳи ташвиқу  тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим,  таъмин  намудани  солимии аҳолӣ, беҳтар  гардонидани  нишондиҳандаҳои  дарозумрии  инсон, паст намудани  сатҳи  беморӣ , маъюбӣ, фавти модару  кӯдак, пешгири  намудани бемориҳои гуногуни   сироятӣ,  баланд  бардоштани сифати  кумаки  тиббию санитарӣ,  маводи  доруворӣ   ва  тарбияи  кадрҳои баландихтисоси соҳа  мебошад. 


   2019-04-17      Муфассал...

Истиқлолияти миллӣ арзиши бебаҳост

   Ин неъмат ба он хотир бебаҳост, ки барои ба даст оварданаш, тақдири хешро ба дасти худ гирифтанаш, худро ҳамчун миллати тамаддунофари созанда, ихтироъ ва эҷодкунанда ва барои дигарон роҳнамо буданашро нишон додан, худро аз зери гарони асорати бегонақавмон озод сохтан дар ин роҳ ҷони хешро нисор сохтан лозим меояд.

   Чун миллат роҳи дуру дарози ташаккулёбиро аз сар мегузаронад, дар ин роҳи пурпечутоби таърихӣ ҳамон халқиятҳое ба дараҷаи миллат мерасанд, ки новобаста ба фарозу нишебиҳои таърихӣ, ғолибияту мағлубият дар набардҳои хунин ин мушкилиҳоро паси сар намуда, афзалияти ҷисмонию зеҳнияшро нисбати ғосибонаш нишон дода озодӣ ба даст меорад.

   Сарчашмаҳои таърихӣ тоҷиконро ҳамчун халқи қадими Қараи Осиё бо вожаҳои гуногун ёдовар шудаанд.


   2019-04-17      Муфассал...

ФАКУЛТЕТИ КИТОБДОРӢ ВА ИТТИЛООТШИНОСӢ

   Факултет аз соли 1967 ҳамчун шуъба ва аз соли 1973 ба унвони факултети китобдорӣ (ҳоло китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ) фаъолият дорад. Дар бунёд ва рушди факултет саҳми  устодон И. А. Ҷӯраев, Р. Шарофзода, И. А. Сайфуллина, Р. Набиева, Г. А. Мушеев, А. Раҳимов, З. Шораҳматов, А. Хоҷаев,  С. Сулаймонӣ,    Ҷ. Шерматов, Б. Холов, С. Шосаидзода, Ш. Комилзода, Қ. Ғуломзода, Г. Маҳмудов хизмати арзанда кардаанд. Сохтори факултет аз кафедраҳои китобхонашиносӣ ва библиографшиносӣ ва бойгоншиносӣ иборат мебошад. 

    Айни замон дар факултет 159 донишҷӯ, аз ҷумла дар шуъбаи  китобдорӣ 66 нафар (36 нафар буҷетӣ, 30 нафар шартномавӣ), дар шуъбаи бойгоншиносӣ 82 нафар (40 нафар буҷетӣ, 42 нафар шартномавӣ), дар шуъбаи магистратура 9 нафар (4 нафар буҷетӣ, 5 нафар шартномавӣ) ва 2 нафар ба сифати доктор PhD таҳсил доранд. Донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои «Бойгоншиносӣ», «Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ» соҳиби касб мегарданд. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки зиёда аз 2600 нафар хатмкардагони факултет дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи Академияи илмҳо ба номи Индира  Ганди, Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ,  китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, макотиби олӣ, муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд. 

   Ибтидои солҳои 80-ум омӯзгорони факултет А. Раҳимов, Сафар Сулаймонӣ, Ҷ. Шерматов, З. Шораҳматов, Б. Холов, С. Муҳиддинов, С. Шосаидзода ва Ш. Комилзода ба аспирантура ва докторантураи шаҳрҳои Санкт- Петербург ва Маскав шомил гардида, баъди дифоъи рисолаҳои илмӣ соҳиби унвонҳои номзади илм ва доктори илм гардиданд.   


   2019-04-17      Муфассал...

АЗ ИНТЕРНЕТ САМАРАНОК ИСТИФОДА БОЯД БУРД

   -Дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурати ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои усулии таҳкими давлатдорӣ аҳамияти торафт бештар касб карда истодааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳити фикриву маънавӣ ва фарҳангии ҳамватанони мо низ тағйир меёбад, яъне дар шароити муосир ҳувият ва арзишҳо дар ҳолати осебпазирии ҷиддӣ қарор доранд. Имрӯз рушди воситаҳои муосири иттилоот имконият медиҳад, ки аз дуртарин нуқтаи сайёра афкори шаҳрвандони ин ё он давлат таҳти таъсири воқеӣ қарор дода шавад. Чунин вазъ тақозо мекунад, ки мо ба масъалаҳои ҳувият ва худшиносиву худогоҳии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи бештар дода, кишвари худро аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ ҳифз намоем.

   Ин суханонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия, 16 апрели соли 2019 ироа доштанд. Сарвари давлат, ҳамзамон таъкид карданд: «Ман дар суханрониҳои худ пайваста доир ба зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан ва обу хоки муқаддаси он таъкид мекунам. Таҳлили вазъи муҳити фикрӣ, ахлоқӣ ва маънавии шаҳрвандони бурунмарзии мо собит месозад, ки ин масъала аз гузашта дида, имрӯз ҳассосияти бештар пайдо намудааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки барои пешгирӣ кардани таҳдиду хатарҳои замони муосир тамоми имконоти мавҷуда сафарбар карда шаванд».


   2019-04-17      Муфассал...

Роҳи беҳбуд бахшидан ба сифати дониш

   «Сатҳу сифати таҳсилот дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода: вазъ ва дурнамо» бо ин унвон семинари илмӣ-амалӣ  рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ дар Китобхонаи илмии донишкада  баргузор гардид.  Дар ҷараён ва баргузории  семинарии илмӣ-амалӣ раёсати донишкада, ноибони ректор, деканҳои факултаҳо ва  коллективи омӯзгорон  ширкат варзиданд. Семинари илмӣ-амалӣ барномарезӣ шуда, дар он нуҳ масъалаи баррасишаванда  ҷой дода шуда буд. Тибқи барномаи семинарии илмӣ-амалӣ сухани ифтитоҳӣ ба ректори донишкада, узви вобастаи Академияи илмҳои Xумҳурии Тоҷикистон, профессор Усмонзода Хайридин Усмон дода  шуд.  Мавсуф ташкил ва баргузории семинарии мазкурро дар асоси банди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Xумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он таъкид гардидааст: «Мо ислоҳоти низоми  ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ  давом  дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати  таълим  эътибори аввалиндараҷа медиҳем», маънидод намуд.

   Зикр гардид, ки раёсати донишкада аз фаъолияти семоҳа  ҳисобот оид ба сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаи мазкур  омода карда, ба ҳамин давраи соли гузашта таҳлил намуда, тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Xумҳурии Тоҷикистон ба сохтори марбута ирсол намудааст. Ташкили нишастҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, конференсияҳои илмӣ –амалӣ, мизҳои мудавварро бори дигар назар афкандан ба дастуру супоришоҳои  Сарвари давлат маънидод намуд. Усмонзода Хайриддин, ректори донишкада дар мавриди ду проблемаи асосии ҳалталаб: норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ; баланд бардоштани  сатҳу сифати  таълим  дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардида буд, ёдрас шуд. Ҳадаф аз таъсиси бахши мониторинги сифати таҳсилоти донишкада ва минбаъд фаъолияти мунтазами онро, дар мусоидат кардан ба беҳтаргардонии раванди таълиму тадрис  ва сатҳу сифати дониш дар ихтисосҳои  ин муассисаи таълимӣ  маънидод намуд.


   2019-04-17      Муфассал...



ЭЪЛОНҲО




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс



МАҶАЛЛА

Муфассал...